ДАХЛНОПАЗИРИИ ШАХС ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Тибқи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Чуноне ба мо маълум аст, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди тарақиёти соҳаҳои ҳаётан муҳим ва инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ қарор дорад. Дар ин асно қайд намудан бо маврид аст, ки бо суръат ва самаранок ҷараён гирифтани марҳилаҳои рушд дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии мо бе ҳамбастагии мақомотҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва дар маҷмӯъ тамоми сокинони кишвар алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ бахусус ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд имконнопазир аст.

Мутаасифона таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамакнун содир гардидани чунин амалҳои нанговар аз ҷониби шахсони алоҳида хусусан хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии давлати тозаистиқлоли мо ба назар мерасад ва ин ҳолат басо нигаронкунанда аст.

Зеро чи тавре Президенти кишварамон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд, сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад.

Иртибот ба он Президенти мамлакат таъкид намудаанд, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Ишора ба ин гуфтаҳои Сарвари давлат хулосабарорӣ кардан зарур аст, ки тамоми аҳли ҷомеа бахусус хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ дар ин мубориза бетараф набошанд ва беш аз беш кушиш ба харҷ додан зурур аст, ки бо ҳар роҳу воситаи манъ накардаи қонун алайҳи ин падидаи номатлуб, решакан намудани он аз ҷамъият татбирҳои мушаххас андешем.

Зимнан бо истифода аз фурсат як нуқтаи басо муҳимро саҳми сокинони диёрамон расониданиам, ки қонунгузор бетарафӣ ва каноруҷӯии моро дар иртибот ба кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд, бе мавриди назар қарор надодааст.

Чуноне ки аз муқаррароти моддаи 6 Қонуни ҶТ «дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бар меояд шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.                                                                       Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар Қонун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.  Ташвишовараш дар он аст, ки зумрае аз шаҳрвандон ҳатто хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони алоҳида аз муқаррароти қонунгузорӣ бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба кафолатҳои дар қонун пешбининамуда ба таври зарурӣ бархурдор нестанд ва ин яке аз омилҳои паси парда мондани ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи навини мо мегардад.   Новобаста аз ин, имрӯзҳо фаъолияти мақомотҳои давлатӣ хусусан субъектони муқовиматкунанда бар зидди коррупсия назаррас аст. Ин боис мегардад, ки ашхоси ба ин амал даст зада бе подоши амал ва кирдорҳои содиркардаашон намемонанд.   Суди ноњияи Балљувон танҳо  дар давраи то моҳи май соли ҷорӣ 3 адад парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 4 нафар дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидошта баррасӣ намуда, бо натиҷаи он нисбати шахсони гунаҳгор ҳукумҳои айбдоркунӣ бароварда шудааст.                           Дар интиҳо ҳаминро қайд карданиам, ки таъмини осудагии ҷомеа, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, устувории давлату ҷомеа пеш аз ҳама дар ҳамбастагӣ ва якдилии ҳар як сокини бо нангу ор ва огоҳдилу соҳибмаърифати мардуми шарифи Тоҷикистон ифода меёбад.        Итминони комил дорам, ки мавҷудияти ин зуҳуроти номатлуб – коррупсия дар як муддати кӯтоҳ бо азму иродаи қавӣ ва ҳамкориҳои густурда байни мақомоти давлатӣ ва сокинони мамлакатамон дар мубориза бар зидди ин вабои аср аз байн рафта, мардуми сарбаланди мо ба тамоми орзую ормонҳои неки худ хоҳанд расид.

ФИРДАВСИ МУРОДАЛӢ.

Раиси суди ноҳияи Балҷувон