32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ ВА ДАСТОВАРДЊОИ БЕНАЗИРИ ОН

Тавре маълум аст, айни замон мо дар арафаи ҷашни 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ки он яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ буда, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Сокинони кишвари азизамон дар муддати 32 соли сипаригардида мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузашта, ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд.

Агар ба саҳфаҳои таърих назар афканем, пас ҳанӯз аз ташкили давлати Сомониён, минбаъд таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ва ниҳоят санаи 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодагари муборизаҳои чандинасраи миллати тоҷик баҳри ноил гардидан ба ин дастоварди бузурги таърихӣ маҳсуб меёбад.

Боиси хушҳолист, ки тӯли 32 сол аст мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми кишвар мебошанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардан, ҳифз намудан ва таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд сари кор омадааст.

Аз ҳама муҳим Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон боиси ба майдони сиёсат ворид гаштани фарзанди баруманди халқи тоҷик — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон гардид.

Бояд гуфт, ки хизмати таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат буд, ки маҳз ӯ садди роҳи хатари нобудии кишвар шуда, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгаридаи ҳокимиятро барқарор сохт ва дар умум ба пояҳои истиқлолияти сиёсӣ гомҳои устувор бахшид.

Ин дар ҳоле, ки дар гузаштаи начандон дури мо қувваҳои оштинопазири сиёсӣ имкон намедоданд, ки «озодӣ», «истиқлолият» ва «мустақилият» барин мафҳумҳо дар тафаккур ва иродаи сиёсии мардуми мо нақш баста, ташаккул ёбанд. Дар ин давраи барои давлату миллат ҳассос бо иштироки ҷонибҳои даргир Ҳукумати муросои миллӣ ташкил гардид. Аммо он ҳам натавонист ҳолати муқовимати қувваҳоро аз байн барад.

Нерўҳои мухолифин бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамуданд, ки ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ доранд ва ба сари мардуми Тоҷикистон идеологияи бегонаро таҳмил диҳанд. Чунин тамоюлоти зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлат ба вуҷуд омада буд.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар ин фоҷиаи миллӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, садҳо объектҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маишию фарҳангӣ вайрону валангор гардиданд. Аз нигоҳи иқтисодӣ хисороти ҷангро мутахассисон 10 млрд доллари ИМА арзёбӣ намудаанд.

Ифтихор ба он дорем, ки ҳоло аз ҳар самте ба таърихи кунунии тоҷикон нигарем, дар он танҳо самараҳои ба бор овардаи Истиқлолияти мамлакат танинандоз мегардад. Зеро Истиқлолият сарчашмаи зиндагии осоиштаи имрӯзаи мардуми Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он дар ниҳод ба ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардуми куҳанбунёди мо пайванд мебошад.

Дар муддати 32 соли Истиқлолият Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ устувор гардид. Тоҷикистон ба узвиятҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксар мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Маҳз аз самараи Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳоло Тоҷикистони азизи мо ба яке аз давлати ободу пешрафтаи дунё табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он аз ҳар вақта дида бештар гардидааст.

Аз ин рӯ, бароям фурсати муносиб аст, ки кулли сокинони кишвари азизамонро ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гӯям! Орзуманди онам, ки саломатии бардавом, рӯзгори пур аз нишоту баракат ва иқболи накў ҳамеша ҳамсафари мардуми азизи мо бошад.

Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар сиҳатмандии комил, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша пайкари ваҳдату ягонагӣ, якдилию ҳамбастагии мардуми сарбаланди мо побарҷо боқӣ монад.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборак!

ФИРДАВС  МУРОДАЛЇ — раиси Суди Ноњияи Балљувон